|
Ҷилди III: НОМАИ СИЁВУШ БА АФРОСИЁБ
Дабири пижӯҳандаро пеш хонд,
Суханҳои огандаро барфишонд.
Нахуст офаринандаро ёд кард,
Ки ӯ бандаро аз ғам озод кард.
Аз он пас хирадро ситоиш гирифт,
Абар шоҳи Турон ниёиш гирифт.
Ки «Эй шоҳи пирӯзу беҳрӯзгор,
Замона мабодо зи ту ёдгор!
Маро хостӣ, шод гаштам бад-он,
Ки бодо нишасти ту бо мӯбадон.
Ва дигар Фарангисро хостӣ,
Ба меҳру вафо дил биёростӣ.
Фарангис ноланда буд ин замон,
Ба лаб ночарону ба тан ночамон.
1 2 3 >>> |