|
Ҷилди III: СУПУРДАНИ ПИРОН КАЙХУСРАВРО
БА ШУБОНОН
Шубонони кӯҳи ?улуро бихонд,
В-аз он шоҳзода суханҳо биронд.
Бад-эшон супурд он дилу дидаро,
Чунон нек пури писандидаро.
Ки «Инро бидоред чун ҷони пок,
Набояд, ки бинад варо боду хок.
Мабодо, ки танг ояд аз рӯзгор,
Агар дидаву дил кунад хостор».
Бигуфтанд яксар, ки «Фармон барем,
Зи фармони ту як замон нагзарем ».
Сазошон бубахшид бисёр чиз,
Яке доя бо вай фиристод низ.
Ниҳоданд ангушт бар чашму сар,
Бибурданд бар кӯҳ он тоҷвар.
1 2 3 4 5 >>> |