|
Ҷилди III: ОГОҲӣЁФТАНИ ФУРУД АЗ ОМАДАНИ ТУС
Пас огоҳ? омад ба назди Фуруд,
Ки шуд рӯи хуршеди тобон кабуд.
Зи пои ҳаюнону аз гарди пил
Замин шуд ба кирдори дарёи Нил.
Сипоҳи бародар-т аз Эронзамин
Ҳаме сӯи Турон гирояд ба кин.
Зи роҳи Калот аст оҳангашон,
Надонам куҷо уфтад ҷангашон.
Чу бишнид нокордида ҷавон,
Дилаш гашт пурдарду тира равон.
Фуруд омад аз диж, фурӯҳишт банд,
Биёмад, нигаҳ кард кӯҳи баланд.
Бифармуд, то ҳар чи будаш яла,
Ҳаюнону аз гӯспандон гала,
1 2 3 4 5 6 7 >>> |