|
Ҷилди III: ОМАДАНИ БАҲРОМ БА НАЗДИ ФУРУД БА КӮҲ
Ба солор Баҳроми Гударз гуфт,
Ки «Ин кор бар мо намонад нуҳуфт.
Равам , ҳар чи гуфт?, ба ҷой оварам
Сари кӯҳ яксар ба пой оварам».
Бизад аспу омад зи пеши гурӯҳ,
Пурандеша бинҳод сар сӯи кӯҳ.
Чунин гуфт пас номвар бо Тахор,
Ки «Ин кист, к-омад чунин хор-хор?
Ҳамоно, наандешад аз мо ҳаме,
Ба тунд? барояд ба боло ҳаме.
Яке бора дар зер дорад саманд,
Ба фитрок барбаста дорад каманд».
Чунин гуфт пас ройзан бо Фуруд,
Ки «Инро ба тунд? набояд бисуд.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |