|
Ҷилди III: БОЗ ОМАДАНИ БАҲРОМ НАЗДИ ТУС
Чу Баҳром баргашт, бо Тус гуфт,
Ки «Бо ҷони покат хирад бод ҷуфт!
Бидон, к-он Фуруд аст фарзанди шоҳ
Сиёвуш, куҷо кушта шуд бегуноҳ.
Намуд он нишоне, ки андар нажод
Зи Ковус доранд в-аз Кай?убод».
Чунин дод посух ситамгора Тус,
Ки «Ман дорам ин лашкару бӯ?у кӯс.
Туро гуфтам, ӯро ба назди ман ор,
Суханро макун ҳеч аз ӯ хостор.
Гар ӯ шаҳрёр аст, ман худ киям?
Бад-ин лашкар андар зи баҳри чиям?
Яке туркзода чу зоғи сиёҳ,
Бар ин кӯҳ бигрифт роҳи сипоҳ.
1 2 3 4 >>> |