|
Ҷилди III: РАЗМИ ГЕВ БО ФУРУД
Ҳаме гуфту ҷавшан ҳаме баст гурм ,
Гурозон биёмад чу бар кӯҳ ғурм.
Фуруди Сиёвуш чу ӯро бидид,
Яке боди сард аз миён баркашид.
Ҳаме гуфт, к-ин лашкари размсоз,
Надонанд роҳи нишебу фароз.
Ҳама як зи дигар диловартаранд,
Абар тораки лашкарон афсаранд.
Валекин хирад нест бо паҳлавон,
Сари бехирад чун тани беравон.
Набошанд пирӯз, тарсам ба кин,
Магар Хусрав ояд ба Туронзамин.
Ба кини падар пушт пушт оварем,
Магар душманонро ба мушт оварем.
Бигӯ, к-ин савори сарафроз кист, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |