|
Ҷилди III: ?АНГИ БЕЖАН БО ФУРУД
Чунин гуфт шоҳи ҷаҳон бо Тахор,
Ки «Омад ба навв? яке номдор.
Нигаҳ кун, бубин, то варо ном чист,
Бар ин марди ҷанг? к? хоҳад гирист?»
Ба хусрав Тахори сароянда гуфт,
Ки «Инро аз Эрон касе нест ҷуфт.
Ки фарзанди Гев асту гурди далер,
Ба ҳар ҷанг пирӯз чун наррашер.
Надорад ҷуз ин Гев фарзанд низ,
Гиромитар асташ зи ҷону зи чиз.
Ту акнун сӯи бораг? дор даст,
Дили шоҳи Эрон нашояд шикаст.
Ва дигар, ки дорад ҳамон ӯ зиреҳ,
Куҷо Гев зад бар гиребон гиреҳ.
1 2 3 4 >>> |