|
Ҷилди V: РАФТАНИ ГЕВ БА ВИСАГИРД БА
НАЗДИКИ ПИРОН
Зи пеши падар Гев шуд то ба Балх,
Гирифта ба ёд он суханҳои талх.
Фуруд омаду кас фиристод зуд,
Бад-он сон, ки Гударз фармуда буд.
Ҳамон шаб сипоҳ андаровард гирд,
Бирафт аз дари Балх то Висагирд,
Ки Пирон бад-он шаҳр буд бо сипоҳ,
Ки дайҳими Эрон ҳаме ҷусту гоҳ.
Фиристода чун назди* Пирон расид,
Сипаҳдори турконсипаҳро бидид.
Бигуфташ, ки “Омад сӯи Балх Гев,
Або ӯ бузургону гурдони нев”.
Чу бишнид Пирон, барафрохт гӯш,
Баромад зи гурдони лашкар хурӯш.
1 2 3 4 5 6 >>> |