Чу Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро.
Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту,
Агар бибинам бар мӯҳри ӯ нигини туро.
Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро.
Биё, инак нигоҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.
В-он занахдон ба себ монад рост,
Агар аз мушк хол дорад себ!
Равон зи дидаи афлокиён шавад Ҷайҳун,
Нисоли тират агар қабзаи камон лесад.
Пас, чаро бастаи ӯям ҳама умр,
Агар он зулфи дуто нест каманд?!
Набизи равшану дидори хубу рӯи латиф,
Агар гарон буд, зӣ ман ҳамеша арзон буд.
Бо ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳаму гар не,
Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд. Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифт,
Ҳароина чу ҳаме май хӯрад, гул орад бор. Саҳифаи 1/4 |