|
Ҷилди I: ОМАДАНИ ЗОЛ БО НОМАИ СОМ
БА НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Биёмад ба шабгир баста камар
Ба пеши Манучеҳри бо зебу фар.
Бар ӯ офарин кард шоҳи ҷаҳон,
Чу баргашт, бистудаш андар ниҳон.
Бифармуд, то мӯбадону радон,
Ситорашиносону ҳам бихрадон
Кунанд анҷуман пеши тахти баланд,
Зи кори сипеҳрӣ пижӯҳиш кунанд.
Бирафтанду бурданд ранҷе дароз,
Ки то бо ситора чӣ ёбанд роз.
Се рӯз андар он корашон шуд диранг,
Бирафтанд бо зиҷи ҳиндӣ ба чанг.
Забон баркушоданд бар шаҳрёр,
Ки «Кардем бо чархи гардон шумор, 1 2 3 4 5 >>> |