|
Ҷилди II: ХОНИ ДУВУМ
ЁФТАНИ РУСТАМ ЧАШМАИ ОБ
Яке роҳ пеш омадаш ногузир,
Ҳаме рафт боист бар хира хир.
Биёбони беобу гармои сахт,
К-аз ӯ мурғ гаштӣ ба тан лахт-лахт.
Чунон гарм гардид ҳомуну дашт,
Ту гуфтӣ, ки оташ бар ӯ баргузашт
Тани Рахшу гӯё забони савор
Зи гармиву аз ташнагӣ шуд зи кор.
Пиёда шуд аз аспу жӯпин ба даст
Ҳаме рафт пӯён ба кирдори маст.
Намедид бар чора ҷустан раҳе,
Сӯи осмон кард рӯй он гаҳе.
Чунин гуфт, к-эй довари додгар,
Ҳама ранҷу сахтӣ ту орӣ ба сар.
Гар эдун, ки хушнудӣ аз ранҷи ман, 1 2 3 4 5 >>> |