|
Ҷилди II: ХОНИ ДУВУМ
ЁФТАНИ РУСТАМ ЧАШМАИ ОБ
Ҳамон ғурми даштӣ маро хеш нест.
Ба ҷое, ки танг андаромад сухун,
Паноҳат ба ҷуз покяздон макун,
Ки ҳар кас, ки аз додгар як Худой
Бупечад, хирадро надорад ба ҷой.
Бар он ғурм-бар офарин кард чанд,
Ки аз чархи гардон мабодат газанд.
Гиёҳи дару дашти ту сабз бод,
Мабодо зи ту бар дили юз ёд.
Ба ту ҳар кӣ ёзад ба тиру камон,
Шикастакамон боду тираравон!
Ки зинда шуд аз ту гави пилтан,
В-агарна пурандеша буд аз кафан,
Ки дар синаи аждаҳои бузург
Нагунҷад, бимонад ба чанголи гург. 1 2 3 4 5 >>> |