|
Ҷилди II: ХОНИ ҲАФТУМ
КУШТАНИ РУСТАМ ДЕВИ САПЕДРО
Ки бе ту мабодо кулоҳу сипоҳ.
Бар он мом, к-ӯ чун ту фарзанд зод,
Нашояд ҷуз аз офарин кард ёд.
Ҳазор офарин бод бар Золи Зар,
Абар марзи Зобул саросар дигар,
Ки чун ту далере падид оварид,
Ҳамоно ки чун ту замона надид.
Маро бахт аз ин ҳар ду фаррухтар аст,
Ки пили ҳизабравжанам кеҳтар аст.
Чу аз офариниш бипардохт кай,
Чунин гуфт, к-эй гурди фархундапай,
Кунун хунаш овар ту дар чашми ман,
Ҳамон низ дар чашми ин анҷуман.
Магар боз бинем дидори ту,
Ки бодо ҷаҳонофарин ёри ту! 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 >>> |