|
Ҷилди II: ҶАНГИ КОВУС БО ШОҲИ МОЗАНДАРОН
Ба Рахши диловар супурдам инон,
Задам бар камарбанди габраш синон.
Гумонам чунон буд, ки ӯ сарнагун
Кунун ояд аз кӯҳаи зин бурун.
Бар ин гуна шуд санг дар пеши ман,
Набуд огаҳ аз камму аз беши ман.
Ба лашкаргаҳаш бурд хоҳам кунун,
Магар, к-ояд аз санги хоро бурун.
Бифармуд шаҳ, то аз он ҷойгаҳ
Барандаш ба наздикии пойгаҳ.
Зи лашкар ҳар он кас, ки буд зӯрманд,
Бисуданд санг, озмуданд чанд.
Набархост аз ҷой санги гарон,
Миёна-дарун шоҳи Мозандарон. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 >>> |