|
Ҷилди II: ГУЗАШТАНИ СИЁВУШ БАР ОТАШ
Аз он дашт Судоба ово шунид,
Аз айвон ба бом омад, оташ бидид.
Ҳаме хост, к-ӯро бад ояд ба рӯй,
Ҳаме буд ҷӯшону бо гуфтугӯй.
Ҷаҳоне ниҳода ба Ковус чашм
Забон пур зи гуфтору дил пур зи хашм.
Сиёвуш сипаҳро бад-он сон битохт,
Ту гуфтӣ, ки аспаш ба оташ бисохт.
Зи ҳар сӯ забона ҳаме баркашид,
Касе хӯду аспи Сиёвуш надид.
Яке дашт бо дидагон пур зи хун,
Ки то ӯ кай ояд зи оташ бурун.
Зи оташ бурун омад озодмард
Лабон пур зи ханда, ба рух ҳамчу вард.
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |