|
Ҷилди III: КУШТА ШУДУНИ ПИЛСАМ БА ДАСТИ РУСТАМ
Ки гар Пилсам аз бади рӯзгор
Гузар ёбаду бинад омӯзгор,
Набарда чун ӯ дар ҷаҳон сар ба сар,
Ба Эрону Турон набандад камар.
Ҳамоно, ки ӯро замон омадаст.
Ки эдар ба ҷангам дамон омадаст.
Ба лашкар чунин гуфт, к-«Аз ҷои хеш
Маёзед худ пештар пои хеш.
Шавам, баргироям тани Пилсам,
Бубинам ч? дорад паю зӯру дам».
Яке найзаи боркаш баргирифт,
Бияфшурд рон, тарк бар сар гирифт.
Гарон шуд рикебу сабук шуд инон,
Ба чашм андаровард рахшон синон. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |