|
Ҷилди III: КУШТА ШУДУНИ ПИЛСАМ БА ДАСТИ РУСТАМ
Биёмад ба ?алби сипаҳ Пилсам,
Диле пур зи кин, чеҳра карда дижам.
Чунин гуфт бо шоҳи туронсипоҳ,
Ки «Эй пурхирад, номбардор шоҳ,
Гар эдун, ки аз ман надор? дареғ,
Яке бора бо ҷавшану тарку теғ,
Або Рустам имрӯз ҷанг оварам,
Ҳама номи ӯ зери нанг оварам.
Ба пеши ту орам сару Рахши ӯй,
Ҳамон гурзу теғи ҷаҳонбахши ӯй».
Аз ӯ шод шуд ҷони Афросиёб,
Сари найза бугзошт аз офтоб.
Бад-ӯ гуфт, к- «Эй номбардор шер,
Ҳамоно, ки пилат наёрад ба зер,
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |