|
Ҷилди III: ДИДАНИ ГУДАРЗ КАЙХУСРАВРО БА ХОБ
Ки то дар ҷаҳон мардум асту сухан,
Чунон номи некӯ нагардад куҳан.
Ба ранҷ асту бо ранҷ ном асту ганҷ,
Ҳамоно, ки номат барояд зи ранҷ.
Агар ҷовидона намон? ба ҷой,
Ҳамон ном беҳ з-ин сипанҷ? сарой
?аҳонро яке шаҳрёр овар?,
Дарахти вафоро ба бор овар?».
Бад-ӯ гуфт Гев: «Эй падар, бандаам,
Бикӯшам ба рои ту то зиндаам.
Харидорам инро, гар ояд ба ҷой
Ба фархунда номи ту, эй раҳнамой».
Ба айвон шуду сози рафтан гирифт,
Зи хоби падар монда андар шигифт. 1 2 3 4 5 6 >>> |