|
Ҷилди III: ДИДАНИ ГУДАРЗ КАЙХУСРАВРО БА ХОБ
Чунон дид Гударз як шаб ба хоб,
Ки абре баромад аз Эрон пуроб.
Бар он абри борон нишаста Суруш,
Ба Гударз гуфт?, ки букшой гӯш.
Зи танг? чу хоҳ?, ки гард? раҳо
Аз ин бадкуниш турки нараждаҳо
Ба Турон яке шаҳрёри нав аст,
Куҷо номи ӯ шоҳ-Кайхусрав аст.
Зи пушти Сиёвуш яке шаҳрёр,
Ҳунарманд в-аз гавҳари номдор.
Сарафроз в-аз тухмаи Кай?убод,
Зи модар сӯи Тур дорад нажод.
Ба Эрон чу ояд паи фаррухаш,
Зи чарх он чи пурсад, диҳад посухаш.
1 2 3 4 5 6 >>> |