|
Ҷилди III: ДИДАНИ ГУДАРЗ КАЙХУСРАВРО БА ХОБ
Зи хоби падар монда андар шигифт.
Меҳини маҳон бонуи Гев буд,
Ки духти гузин Рустами нев буд.
Хабар шуд ҳамон гаҳ ба Бонугушасп,
Ки мар Гевро рафтан орост асп.
Биёмад хиромон ба назидики ӯй,
Чунин гуфт: «Эй меҳтари номҷӯй,
Шунидам, ки ту рафт хоҳ? ба Тур,
Ки Хусрав биҷӯ? зи наздику дур.
Чу дастур бошад, маро паҳлавон
Шавам назди Рустам ба рашванравон.
Маро орзу чеҳраи Рустам аст,
Зи нодиданаш ҷони ман пурғам аст.
Ту падруд бош, эй ҷаҳонпаҳлавон, 1 2 3 4 5 6 >>> |