|
Ҷилди III: ПАЙМОН БАСТАНИ КАЙХУСРАВ
БО КОВУС АЗ КИНИ АФРОСИЁБ
Ҳаме хонд бар кирдгор офарин.
В-аз он ҷойгаҳ шуд сӯи тахт боз,
Бари паҳлавонони гарданфароз.
Чунин гуфт, к-«Эй номдорони ман,
Далерону ханҷаргузорони ман,
Бипаймудам ин буми Эрон бар асп,
Аз ин марз то хони Озаргушасп.
Надидам касеро, ки дилшод буд,
Тавонгар буд, ар бумаш обод буд.
Ҳама хастагонанд з-Афросиёб,
Ҳама дил пур аз хуну дида пуроб.
Нахустин ҷигархастаи ӯ манам,
Ки пурдард аз ӯяст ҷону танам.
Дигар чун ниё шоҳи озодамард, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |