|
Ҷилди VI: БАЗМ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БО
ПАҲЛАВОНОН
Чу Рустам зи Кайхусрав эдун шунуд,
Заминро бибӯсиду барҷаст зуд.
Бар ӯ офарин кард, к-«Эй некном,
Чу хуршед ҳар ҷой густарда ком.
Зи ту дур бод озу хашму ниёз,
Дили бадсиголат ба гурму гудоз.
Туӣ бар каён шоҳу солору кай,
Каёни ҷаҳон мар туро хоки пай,
Ки чун ту надидаст як шоҳ гоҳ,
На тобанда шеду на рахшанда моҳ.
Бадонро зи некон ту кардӣ ҷудо,
Ту бастӣ ба афсуну банд аждаҳо.
Маро модар аз баҳри ранҷи ту зод,
Ту бояд, ки бошӣ ба ором шод. 1 2 3 4 5 6 >>> |