|
Ҷилди VI: БАЗМ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БО
ПАҲЛАВОНОН
Ту бояд, ки бошӣ ба ором шод.
Манам гӯшдода ба фармони шоҳ,
Бад-он сӯ равам, к-ӯ намояд-м роҳ.
Бикандам дили деви Мозандарон,
Ба фарри каёниву гурзи гарон.
Чунон, к-аз паи Гев агар бар сарам
Ҳаво борад оташ, бад-ӯ нангарам.
Гар ояд ба мижгонам андар синон,
Натобам зи фармони хусрав инон.
Барорам ба фарри ту ин коркард,
Сипаҳбад нахоҳам, на мардони мард».
Чу Рустам чунин гуфт, Гударзу Гев,
Фарибурзу Фарҳоду Шопури нев -
1 2 3 4 5 6 >>> |