|
Ҷилди VI: БАЗМ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БО
ПАҲЛАВОНОН
Рухон арғувониву нобуда маст.
Ҳама рух чу дебои румӣ ба ранг,
Фурӯзанда уду хурӯшанда чанг.
Ба солори навбат бифармуд шоҳ,
Ки Гударзу Тусу гавонро бихоҳ.
Бифармуд, то Рустам омад ба тахт,
Нишаст аз бари гоҳ зери дарахт.
Ба Рустам чунин гуфт пас шаҳрёр,
Ки «Эй некпайванди беҳрӯзгор!
Зи ҳар бад туӣ пеши Эрон сипар,
Ҳамеша чу симурғ густарда пар.
Чи дар шаҳри Эрон, чи пеши каён,
Ҳама бар дари ранҷ бастӣ миён.
Шиносӣ ту кирдори гударзиён, 1 2 3 4 5 6 >>> |