|
Ҷилди V: Разми Гударз бо Пирон
Бар он кӯҳи хоро замоне тапид,
Пас аз кину овардгаҳ орамид.
Чунин аст худ гардиши рӯзгор,
Нагирад ҳаме панди омӯзгор.
Замона ба заҳр об додаст чанг,
Бидаррад дили шеру чарми паланг.
Чу Гударз баршуд бар он кӯҳсор
Бидидаш бар он гуна афканда хор,
Шикаста дилу даст, бар хок сар,
Дарида силеҳу гусаста камар.
Чунин гуфт Гударз, к-«Эй наррашер,
Сари паҳлавонону гурди* далер,
Ҷаҳон чун ману чун ту бисёр дид,
Нахоҳад ҳаме бо касе орамид. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |