|
Ҷилди V: Разми Гударз бо Пирон
Бидонист, к-он гардиши эзадист.
Валекин зи мардӣ ҳаме кард кор,
Бикӯшид бо гардиши рӯзгор.
В-аз он пас камон баргирифтанду тир,
Ду солори лашкар-ду ҳушёр пир.
Нигаҳ кард Гударз тири хаданг,
Ки оҳан гузорад мар онро ба санг.
Ба баргустувон барзадаш, бардарид,
Таковар биларзиду дам даркашид.
Бияфтоду Пирон даромад* ба зер,
Биғалтид зераш савори далер.
Зи нерӯш ду нима шуд дасти рост,
Бупечиду он гоҳ бар пой хост.
Бидонист, к-омад замонаш фароз, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |