|
Ҷилди V: Омадани Ҷаҳн бо пайғоми Афросиёб
назди Кайхусрав
Ба дасти ту оям гирифтор ман,
Мапиндор, к-ин низ нобуданист,
Насояд касе, к-ӯ на фарсуданист.
Набера писар Хусрави Зодшам,
Зи пушти Фаридуну аз тухми Ҷам.
Маро дониши эзадӣ ҳасту фар,
Ҳамон чун сурушам яке ҳаст пар.
Чу танг андарояд маро рӯзгор,
Нахоҳад дилам панди омӯзгор,
Ба фармони Яздон ба ҳангоми хоб
Шавам чун ситора бари офтоб.
Ба дарёи Каймок – бар бугзарам,
Супорам туро кишвару афсарам.
Туро Гангдиж бошад оромгоҳ, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 >>> |