|
Ҷилди V: Омадани Ҷаҳн бо пайғоми Афросиёб
назди Кайхусрав
Забон чарбгӯёву* дил пурдурӯғ,
Бари марди доно нагирад фурӯғ.
Падаркуштаро шоҳи гетӣ махон,
Кунун, к-аз Сиёвуш намонд устухон.
Ҳамон модарамро зи парда ба роҳ
Кашидиву гаштӣ чунин кинахоҳ.
Маро низ нозода аз модарам,
Ҳаме оташ афрӯхтӣ бар сарам.
Ҳар он кас, ки буд пеши даргоҳи ту,
Бинафрид бар ҷони бероҳи ту,
Ки харгиз ба гетӣ касе ин накард,
Зи шоҳону гурдону мардони мард,
Ки бар анҷуман-бар занеро кашон,
Супорад бузурге ба мардумкушон, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 >>> |