|
Ҷилди II: БАР ТАХТ НИШАСТАНИ КАЙКОВУС ВА
ОҲАНГИ МОЗАНДАРОН КАРДАН
Бад-ӯ гуфт Тус, эй гави сарфароз,
Кашидӣ чунин ранҷи роҳи дароз.
Зи баҳри бузургони Эронзамин
Бар осоиш ин ранҷ кардӣ гузин.
Ҳама сар ба сар некхоҳи туем,
Ситуда ба фарри кулоҳи туем.
Бад-он номдорон чунин гуфт Зол,
Ки ҳар кас, ки ӯро бифарсуд сол,
Ҳама панди пиронаш ояд ба ёд,
Аз он пас диҳад чархи гардон-ш дод.
Нашояд, ки гирем аз ӯ панд боз,
Ки аз панди мо нест худ бениёз.
Зи панди хирад гар бигардад сараш,
Пушаймониву ранҷ бошад бараш.
Ба овоз гуфтанд: Мо бо туем, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 >>> |