|
Ҷилди II: ПАНД ДОДАНИ ЗОЛ КОВУСРО
К-аз эшон шавад рӯи гетӣ тиҳӣ.
Ту бо Рустам акнун ҷаҳондор бош,
Нигаҳбони Эрону бедор бош.
Ҷаҳонофаринанда ёри ман аст,
Сари наррадевон шикори ман аст.
Гар эдун, ки ёрам набошӣ ба ҷанг,
Мафармой бар гоҳ кардан диранг.
Чу аз шоҳ бишнид Зол ин сухун,
Надид эч пайдо сарашро зи бун.
Бад -ӯ гуфт шоҳиву мо бандаем,
Ба дилсӯзагӣ бо ту гӯяндаем.
Агар дод гӯӣ ҳаме ё ситам,
Ба рои ту бояд задан гому дам.
Аз андеша ман дил бипардохтам, 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |