|
Ҷилди I: АНДАР ХОБ ДИДАНИ ЗАҲҲОК ФАРИДУНРО
Пижӯҳиш куну розҳо бозҷӯй.
Нигаҳ кун, ки ҳуши ту бар дасти кист,
Зи мардум нажод ар зи деву парист.
Чу донистияш, чора кун он замон,
Ба хира матарс аз бади бадгумон».
Шаҳи бадманишро хуш омад сухун,
Ки он сарви симинбар афканд бун.
Ҷаҳон аз шаби тира чун парри зоғ,
Ҳамон гаҳ сар аз кӯҳ барзад чароғ.
Ту гуфтӣ, ки бар гунбади лоҷвард
Бигустард хуршед ёқути зард.
Сипаҳбад ҳар он ҷо, ки буд мӯбаде,
Сухандону бедордил бихраде.
Зи кишвар ба наздики хеш оварид, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |