|
Ҷилди I: ДОСТОНИ ЗАҲҲОК БО КОВАИ ОҲАНГАР
Ситам гар надорӣ ту бар ман раво,
Ба фарзанди ман даст бурдан чаро?
Маро буд ҳаждаҳ писар дар ҷаҳон,
Аз эшон яке мондааст ин замон.
Бубахшову бар ман яке дарнигар,
Ки сӯзон шавад ҳар замонам ҷигар.
Шаҳо, ман чӣ кардам, яке бозгӯй,
В-агар бегуноҳам, баҳона маҷӯй.
Ба ҳоли ман, эй тоҷвар, дарнигар,
Маяфзой бар хештан дарди сар.
Маро рӯзгор инчунин кӯж кард,
Дили беумеду сари пур зи дард.
Ҷавонӣ намондасту фарзанд нест,
Ба гетӣ чу фарзанд пайванд нест.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 >>> |