|
Ҷилди I: ДОСТОНИ ФАРИДУН БО ВАКИЛИ ЗАҲҲОК
Ба оини хеш оварад носипос,
Чунин гар ту меҳмон шиносӣ, шинос!»
Бад-ӯ гуфт Заҳҳок: «Чандин манол,
Ки меҳмони густох беҳтар ба фол».
Чунин дод посух бад-ӯ Кундрав,
Ки «Оре, шунидам, ту посух шунав.
Гар ин номвар ҳаст меҳмони ту,
Чӣ кор асташ андар шабистони ту?
Ки бо хоҳарони ҷаҳондор Ҷам
Нишинад, занад рой бар бешу кам?
Ба як даст гирад рухи Шаҳрноз,
Ба дигар ақиқи лаби Арнавоз.
Шаби тирагун худ батар з-ин кунад,
Ба зери сар аз мушк болин кунад. 1 2 3 4 5 6 7 >>> |