|
Ҷилди I: РАФТАНИ СОМ БА ҶАНГИ МЕҲРОБ
Зи модар бизодам, бияндохтӣ,
Ба кӯҳ - андарам ҷойгаҳ сохтӣ.
Фикандӣ ба тимор зояндаро,
Ба оташ супурдӣ физояндаро.
На гаҳвора дидам, на пистони шир,
На аз ҳеч хушшӣ маро буд вир.
Бибурдӣ, ба кӯҳе бияфкандиям,
Дил аз нозу ором баркандиям.
Туро бо ҷаҳанофарин буд ҷанг,
Ки аз чӣ сапеду сиёҳ аст ранг?
Кунун, к-ам ҷаҳонофарин парварид,
Ба чашми худоӣ ба ман бингарид.
Ҳунар ҳасту мардиву теғи ялӣ,
Яке ёр чун меҳтари кобулӣ.
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |