|
Ҷилди I: РАФТАНИ СОМ БА ҶАНГИ МЕҲРОБ
Бикун ҳарчӣ хоҳӣ, ки фармон турост,
Ба Кобул газанде бувад, он марост».
Сипаҳбад чу бишнид гуфтори Зол,
Бирафрохт гӯшу фурӯ бурд ёл.
Бад-ӯ гуфт: «Оре ҳамин аст рост,
Забонат бар ин ростӣ - бар гувост.
Ҳама кори ман бар ту бедод буд,
Дили душманон бар ту-бар шод буд.
Зи ман орзу худ ҳаме хостӣ,
Ба дилтангӣ аз ҷой бархостӣ.
Машав тунд, то чораи кори ту
Бисозам, кунам тез бозори ту.
Яке нома фармоям акнун ба шоҳ,
Фиристам ба дасти ту, эй некхоҳ! 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |