|
Ҷилди II: ПАЙҒОМИ КОВУС БА ЗОЛ ВА РУСТАМ
Раҳоӣ диҳӣ шоҳро аз газанд.
Нашояд бад-ин кор оҳарманӣ,
Ки осоиш орӣ, дигар дам занӣ.
Баратро ба бабри баён сахта кун,
Сар аз хобу андеша пардахта кун.
Ҳар он тан, ки чашмаш синони ту дид,
Кӣ гӯяд, к-аз он пас равон-ш орамид?
Агар ҷанги дарё кунӣ, хун шавад,
Аз овози ту кӯҳ ҳомун шавад.
Набояд, ки Аржангу Деви Сапед
Ба ҷон аз ту доранд ҳаргиз умед.
Ҳам он гардани шоҳи Мозандарон,
Ҳама мӯҳр бишкан ба гурзи гарон.
Чунин дод посух-ш Рустам, ки роҳ 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |