|
Ҷилди VI: РАФТАНИ БЕЖАН БА ДИДАНИ МАНИЖА —
ДУХТАРИ АФРОСИЁБ
В-аз он ҷо ҳамон гаҳ бупечам инон,
Ба гардун барорам зидудасинон.
Занем он гаҳе рой ҳушёртар,
Шавад дил зи дидор бедортар.
Ба ганҷур гуфт: «Он кулоҳи падар,
Ки дар базмгаҳ барниҳодӣ ба сар,
Ки равшан шудӣ з-ӯ ҳама базмгоҳ,
Биёвар, ки моро ба базм аст роҳ.
Ҳамон тавқи Кайхусраву гӯшвор,
Ҳамон ёраи Гев гавҳарнигор
Бипӯшид рахшанда румӣ қабой,
Ба тоҷ андаровехт парри ҳумой.
Ниҳоданд бар пушти шабранг зин,
Камар хост бо паҳлавонӣ нигин. 1 2 3 4 5 6 7 >>> |