|
Ҷилди II: ОМАДАНИ АФРОСИЁБ НАЗДИКИ ПАДАРИ ХУД
Ки бо ӯ сипоҳи туро пой нест.
Ҷаҳонҷӯю пушти сипоҳат манам,
Ба душворӣ андар паноҳат манам.
Намондаст бо ӯ маро тоб ҳеч,
Бирав, рой зан, оштиро басеч!
Замине куҷо Офаридуни гурд
Бад он гаҳ ба Тури диловар супурд,
Ба ман дода буданду бахшида рост,
Туро кини пешин набоист хост.
Аз он гар бигардему ҷанг оварем,
Ҷаҳон бар дили хеш танг оварем.
Ту донӣ, ки дидан беҳ аз огаҳист,
Миёни шунидан саросар тиҳист.
Туро ҷанги Эрон чу бозӣ намуд,
Зи бозӣ сипаҳро дарозӣ намуд. 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |