|
Ҷилди II: ОМАДАНИ АФРОСИЁБ НАЗДИКИ ПАДАРИ ХУД
Хазарвон куҷо, Зол бишкаст хурд,
Намудаш ба гурзи гарон дастбурд.
Шамосос, к-ин тузи лашкарпаноҳ,
Ки Қоран бикушташ ба овардгоҳ.
Ҷуз ин номдорон, дигар даҳ ҳазор
Фузун кушта омад бар ин корзор.
Батар з-ин ҳама ному нанге шикаст,
Шикасте, ки ҳаргиз нашояд-ш баст.
Гар аз ман сари номвар гашта шуд,
Ки Ағрираси номвар кушта шуд.
Ҷазои баду некии рӯзгор
Дар имрӯзу фардо гирифтан шумор,
Ки пеш омадандам ҳамон саркашон,
Паси пушти ҳар як дурафши гавон.
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |