|
Ҷилди V: САФ КАШИДАНИ ҲАРДУ ЛАШКАР
Ба Руҳҳом фармуд пас паҳлавон,
Ки “Эй тоҷу тахту хирадро равон,
Бирав бо саворон сӯи майсара,
Ба кирдори наврӯзҳур аз бара.
Барафрӯз лашкар ту аз фарри хеш,
Сипаҳро ҳаме дор дар барри хеш.
Бад-он обгун ханҷари невсӯз,
Чу шери жиён аз* ялон разм тӯз!
Бирафтанд ёрон-ш бо ӯ ба ҳам,
Зи гурдони лашкар яке Густаҳам.
Дигар Гаждаҳам размро ногузир,
Фурӯҳил, ки бугзорад аз чарх тир.
Бифармуд бо Гев, то даҳ ҳазор
Бирафтанд баргустувонвар савор. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 >>> |