|
Ҷилди V: САФ КАШИДАНИ ҲАРДУ ЛАШКАР
Бар он сон ки омад, бибоист сохт,
Чу сӯи ялон асп боист тохт.
Пас аз номдорону гурдони хеш,
Касе к-ӯ кунад ҷангро даст пеш,
В-аз он ҷангсозони* Афросиёб
Касе к-ӯ бад-ин кина гирад шитоб,
Гузин кард шамшерзан сӣ ҳазор,
Ки буданд шоистаи корзор,
Ба Ҳумон супурд он замон қалбгоҳ
Сипоҳи ҳизабрафкану размхоҳ.
Бихонд Андаримону Арҷоспро,
Ниҳодӣ сипаҳ род Бурҷоспро.
Чапи размгоҳаш бад-эшон супурд,
Або сӣ ҳазор аз далерони гурд. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 >>> |