|
Ҷилди I: ХОБ ДИДАНИ СОМ АЗ ҲОЛИ ПИСАР
Бар ин-бар шудан бандаро дастгир,
Ман ин пургунаҳро ту кун дилпазир! ».
Чу бо довар ин розҳо гуфта шуд,
Ниёиш ҳамон гаҳ пазируфта шуд.
Нигаҳ кард Симурғ з-афрози кӯҳ,
Бидонист, чун дид Сому гурӯҳ,
Ки он омадан-ш аз паи бачча буд,
На аз меҳри Симурғ ӯ ранҷа буд.
Чунин гуфт Симурғ бо пури Сом,
Ки «Эй дида ранҷи нишему куном,
Туро парваранда яке дояам,
Ҳамат доя , ҳам нек сармояам,
Ниҳодам туро ном Дастони Занд,
Ки бо ту падар кард дастону банд.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 >>> |