|
Ҷилди I: ДИЛХУШӢ ДОДАНИ СОМ СИНДУХТРО
Ба ман гӯй, то бо кӣ андархурад?
Зи болову дидору фарҳанги ӯй,
Бар он сон, ки дидӣ, якояк бигӯй».
Бад-ӯ гуфт Синдухт, к-«Эй паҳлавон,
Сари паҳлавонону пушти гавон.
Яке сахт паймон-т хоҳам нахуст,
Ки ларзон шавад з-ӯ бару буму руст.
Ки аз ту наёяд ба ҷонам газанд,
На он кас, ки бар ман бувад арҷманд.
Маро коху айвони обод ҳаст,
Ҳамон ганҷу хешони бо зӯри даст.
Чу эмин шавам, ҳарчӣ гуфтӣ, бигӯй,
Бигӯям, биҷӯям бад-ин обрӯй.
Нуҳуфта ҳама ганҷи Кобулситон, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 >>> |