|
Ҷилди I: ДИЛХУШӢ ДОДАНИ СОМ СИНДУХТРО
В-агар боз гардонам аз пеш, Зол
Барорад ба кирдори Симурғ бол.
Шавад ранҷа, озурда гардад зи ман,
Чӣ посух бигӯям-ш дар анҷуман?
Баровард сар, гуфт, к-«Ин хоста,
Ғуломону пилони ороста,
Шаведу ба ганҷури Дастон диҳед,
Ба номи маҳи Кобулистон ниҳед».
Паричеҳра Синдухт дар пеши Сом
Забон кард гӯёву дил шодком.
Чу он ҳадяро ӯ пазируфта дид,
Расида беҳию бадӣ рафта дид.
Се бутрӯй бо ӯ ба як ҷо буданд,
Суманпайкару сарвболо буданд. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 >>> |