|
Ҷилди VI: РАСИДАНИ РУСТАМ НАЗДИ ЭРОНИЁН
Фурӯзон яке шамъ бинҳод пеш,
Сухан ронд ҳар гуна аз камму беш.
Зи кори бузургону ҷангу сипоҳ,
Зи тобанда хуршеду рахшанда моҳ.
Фаровон аз он лашкари бешумор
Бигуфтанд бо паҳлави номдор.
Зи Комусу Шангул, зи хоқони Чин,
Зи Маншуру гурдони Туронзамин.
Зи Комус худ ҷои гуфтор нест,
Ки моро бад-ӯ роҳи дидор нест.
Дарахтест, бораш ҳама гурзу теғ,
Ки гар бар сараш санг борад зи меғ,
Зи пилони ҷангӣ наҷӯяд гурез, 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |