|
Ҷилди VI: РАСИДАНИ РУСТАМ НАЗДИ ЭРОНИЁН
Пиёда биёмад чу боди дамон.
Гирифтанд мар якдигарро канор,
Хурӯше баромад зи ҳар ду ба зор.
Аз он номдорони гударзиён
В-аз он суд ҷустан, ки омад зиён.
Бад-ӯ гуфт Гударз, к-«Эй паҳлавон,
Ҳушивору ҷангиву равшанравон!
Ҳаме тоҷу тахт аз ту гирад фурӯғ,
Сухан ҳар чӣ гӯӣ, набошад дурӯғ.
Ту эрниёнро зи мому падар
Беҳию зи тахту зи ганҷу гуҳар.
Чунонем бе ту, ки моҳӣ ба хок
Ба санг - андарун сар, тан андар мағок.
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |