|
Ҷилди VI: ФИРИСТОДАНИ ХОҚОН ҲУМОНРО
НАЗДИ РУСТАМ
Ки хӯкарда бар ҷанги шерон манам.
Басе сар ҷудокарда дорам зи тан,
Ки ҷуз хоки тира набудшон кафан,
Бар ин гуна ҳаргиз нагуфтам сухун,
Ҷуз аз кин наҷустам зи сар то ба бун.
Кунун ҳар чӣ гуфтам, ҳама гӯш дор,
Суханҳои хуб андар оғӯш дор».
Чу бишнид Ҳумон, битарсид сахт,
Биларзид бар сони барги дарахт,
К-аз он гуна гуфтори Рустам шунид,
Ҳама кина аз дудаи хеш дид.
Чунин посух овард Ҳумон бад-ӯй,
Ки «Эй шердил марди пархошҷӯй!
Бар ин зӯру ин бурзу болои ту 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |