|
Ҷилди VI: ФИРИСТОДАНИ ХОҚОН ҲУМОНРО
НАЗДИ РУСТАМ
Чаро ту нагӯӣ ҳаме номи хеш,
Бару буму кишвар ва ороми хеш?
Чаро омадастӣ ба наздики ман
Ба чарбиву нармиву чандин сухан?
Агар оштӣ ҷуст хоҳӣ ҳаме,
Бикӯшӣ, к-аз ин кин нахоҳӣ ҳаме.
Нигаҳ кун, ки хуни Сиёвуш кӣ рехт,
Чунон оташи кин ба мо-бар кӣ бехт?
Гунаҳкори ҳамчун сари бегуноҳ,
Нигар, то ки ёбӣ зи туронсипоҳ.
Зи мардону аспони ороста,
К-аз Эрон биёвард бо хоста.
Чу яксар сӯи мо фиристод боз,
Ман аз ҷанги туркон шавам бениёз.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |