|
Ҷилди VI: ФИРИСТОДАНИ ХОҚОН ҲУМОНРО
НАЗДИ РУСТАМ
Барорад ҳаме аз дили шер гард.
Зи шаҳру нажоду зи ороми хеш
Сухан гӯю аз тухмаву номи хеш.
Ба ҷуз ту касеро аз эронсипоҳ
Надидам, ки дорад дили размхоҳ.
Маро меҳрубонист бо марди ҷанг,
Бавижа, ки дорад ниҳоди паланг.
Кунун гар бигӯӣ маро номи хеш,
Бару буму пайванду ороми хеш,
Сипосе бад-ин кор бар ман ниҳӣ,
К-аз андеша гардад дили ман тиҳӣ».
Чунин дод посух бад-ӯ паҳлавон,
Ки «Эй номвар гурди равшанравон,
Чаро ту нагӯӣ ҳаме номи хеш, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |