|
Ҷилди V: Сипаҳдори туркон, чу шаб даршикаст,
Миён бо сипаҳ тохтанро бубаст.
Замин ҳам ба кирдори дарёи хун.
Зи тир осмон шуд чу парри уқоб,
Нигаҳ кард тирадил Афросиёб.
Бидид он дурафши дурафшон бунафш,
Ниҳон кард бар қалбгаҳ-бар дурафш.
Сипаҳро рада баркашида бимонд,
Худу номдорону гурдон биронд.
Зи хешону шоиста марди ҳазор,
Бибурд он ки буд, аз дари корзор.
Ба бероҳ роҳи биёбон гирифт,
Ба ранҷи тан аз душманон ҷон гирифт.
Зи лашкар ниёро ҳаме ҷуст шоҳ,
Биёмад дамон то ба қалби сипоҳ.*
Рикобаш гарон карду чанде шитофт, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |